Бордюжа: президентҳо санҷиши сареъи неруҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкНиколай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ
Николай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ягона кишвари аъзои СПАД аст, ки бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва барои ҳифзи ин марз аз кишварҳои узви ин созмон кумак хостааст.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфтааст, бори нахуст, пас аз танаффуси дуру дароз, дар кишвари раёсаткунанда ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Раҳмон ва Бордюжа дар Душанбе амнияти марзҳоро баррасӣ карданд

Вай афзудааст, ки дар ҷараёни мулоқот бо раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асосан масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

"Имрӯз мо бо иншооти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СПАД шинос шудем, ки онҷо корҳои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти сохторҳои ташкилот идома доранд", — афзудааст дабири СПАД.

Нишасти навбатии ША СПАД дар Душанбе баргузор мегардад

"Масъалаи асосие, ки аз ҷониби сарони давлатҳо матраҳ мегардад — ин натиҷаи санҷиши ногаҳонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ ба шумор меравад. Гап сари он аст, ки мо корҳои тадқиқотии зиёде гузарондем ва дар натиҷа як қатор мушкилот ошкор гардид, ки баҳри баланд бардоштани фаъолияти самараноки муштарак онҳоро ҳал бояд кард", — гуфт Николай Бордюжа.

Зимни мулоқот инчунин ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти тамоюли танозули вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин, мавзӯи таҳкими марз, қӯшунҳои сарҳадӣ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид.

Бордюжа ҳамчунин илова намуд, ки то имрӯз ҳамаи кишварҳои аъзои СПАД барои таҳкими марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки ҳарбӣ-техникӣ расондаанд.

Лентаи хабарҳо
0