ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар биноҳои навбунёди шаҳри Краснодар ахиран лавҳаҳое насб гардида, дар он аз гуруҳи сохтмончиёни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Молдова изҳори ташаккур шудааст, менависад сомонаи Юга.ру.
"Аз коргарони далери ҷумҳуриҳои бародари Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Молдова ташаккур мекунем",- навишта шудааст дар яке аз чунин лавҳаҳо.
Лавҳаи дигар чунин навиштаҷот дорад — "Ин бино бо кумаки қаҳрамонони меҳнати Тоҷикистон бунёд шудааст".
Ин лавҳаҳоро фаъолони шаҳри Краснодари Русия дар пайи роҳандозии корзори "Ҳифозати муҳоҷирон" насб кардаанд. Далели роҳандозии ин корзор нишон додани "қаҳрамонони аслии рушди минтақа" гуфта шудааст.
Намояндагони ин корзор гуфтаанд, пешгирии таҳрифи таърих, ки "мехоҳанд қаҳрамонии падару бобоҳои моро хат бизананд", ҳадафи дигари онҳо аст.
"Бо роҳандозии ин корзор мо натанҳо кори сохтмончиёнро ҳифз кунем, балки ёдрас кунем, ки ҳамаи мо дар ин ҷаҳон меҳмон ҳастем", — гуфтаанд муаллифони корзор.
Бино ба омори ғайрирасмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири меҳнатиянд, ки бештари онҳо ба кори сохтмон машғул ҳастанд.