ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар "EUCOM", мақараш дар Штутгарти Олмон ба ҳайси муовини фармондеҳ-мушовир дар масоили мулкию сиёсӣ кор хоҳад кард, иброз дошт аснои сӯҳбат бо Sputnik корманди масъули сафорат Соро Мародалиева.
Хонум Эллиотт аз моҳи октбяри соли 2012 то ҳол ба ҳайси сафирии ИМА дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Расонаҳо дар мавриди сафири ИМА дар Тоҷикистон Тоҷикистон таъин шудани Элизабет Миллард ҳадс мезананд. Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 ба ин сӯ, фаъолият менамояд.