ВКД: боздошти боз 17 ҷонибдори генерал Назарзода

© Flickr \ abdullatif anisСилоҳ
Силоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти қудратӣ мегӯянд, касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти 17 узви дигари гуруҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) хабар медиҳанд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, ин афрод рӯзҳои 9-10-уми сентябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат дастгир шудаанд, аз ин шумора се нафар ихтиёран худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Инчунин, аз нафарони дар боло зикргардида, 8 адад автомати «АКМ», 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

ВКД: 7 сентябр боз 14 ҷонибдори Назарзода боздошт шуданд

"Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти махсус 4 нафар аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) безарар гардонида шуданд",- меафзояд манбаъ.

Субҳи 4 сентябр ашхоси номаълум болои ШКД ноҳияи Ваҳдат амалиёти мусаллаҳона анҷом доданд, каме баъдтар дар Душанбе низ ба Дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ҳуҷум карда, аслиҳаи зиёдеро ба яғмо бурданд. Аснои тирпаррониҳо 9 корманди мақомот кушта шуд. Зуҳри ҳамон рӯз бо фармони раисҷумҳур муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода аз симматаш барканор гардида, дар шарҳи он сомонаи президент навишт, генерал Назарзода "барои содир кардани ҷиноят" аз вазифа сабукдӯш шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак ҷиҳати дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. ба шаҳрвандон миннатдории худро изҳор менамоянд. Тибқи маълумот то ин соат 73 ҷонибдори генерали фирорӣ боздошт ва беш аз 20 нафари дигар нобуд карда шудаанд.

Мақомоти қудратӣ мегӯянд, касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Лентаи хабарҳо
0