Маҷористон: убури бесобиқаи муҳоҷирон аз марзҳои ин кишвар

© AP / Matthias SchraderДухтарак дар интизории автобус. Маҷористон
Духтарак дар интизории автобус. Маҷористон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои африқоӣ ва Ховари Миёна шумори зиёди муҳоҷирон аз ин давлатҳо роҳ сӯи Аврупо гирифтаанд. Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Кумисиюни Аврупо, ин муҳоҷирон бояд миёни кишварҳои ИА бо назардошти теъдоди аҳолию иқтисод, сатҳи зиндагӣ ва авомили дигар тақсим шаванд.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Давоми рӯзи гузашта марзи Маҷористонро шумори бесобиқаи муҳоҷирон, ки теъдодашон ба беш аз 3 ҳазору 300 нафар мерасад, убур кардаанд, иттилоъ медиҳад пулиси вилояти Чонград.

"Дар давоми як шабонарӯз 3321 нафар марзро гузаштаанд",- мегӯяд пулиси ин вилоят.

Сафари Путин ба Маҷористон: “Маҷрои туркӣ” пуштибонҳои нав пайдо кард

Аз аввали соли 2015 то ҳол наздик ба 350 ҳазор муҳоҷир ба кишварҳои аврупуоӣ паноҳ бурдаанд, ки шумори онҳо рӯз аз рӯз боз меафзояд.

Кумисиюни Аврупо мегӯяд, буҳрони муҳоҷирате, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он рӯбарӯст, баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз бузургтаринҳост. Қаблан Антониу Гутерреш, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, тибқи низоми бурсиявӣ ҳар кадоме аз муҳоҷироне, ки ҳоло дар қаламрави Юнону Маҷористон ва Итолиё мустақаранд, на камтар аз 200 ҳазор нафарӣ қабул кунанд.

Намояндаи Кумисиюни Аврупо Александр Винтерстейн аз кӯмаки молии Иттиҳоди Аврпуо ба баъзе аз кишварҳои узви худ хабар дод. Ӯ гуфт, аз ҳисоби сандуқи иттиҳод оид ба дастгирӣ ва ҳимояти паноҳандагону муҳоҷирон ба 5 миллион евро ба Австрия ва 4 миллион ба Маҷористон ҳамчун кумаки молӣ ҷудо хоҳад кард.

Дар пайи задухурдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои африқоӣ ва Ховари Миёна шумори зиёди муҳоҷирон аз ин давлатҳо роҳ сӯи Аврупо гирифтаанд.

Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Кумисиюни Аврупо, ин муҳоҷирон бояд миёни кишварҳои иттиҳод бо назардошти теъдоди аҳолию иқтисод, саатҳи зиндагӣ ва авомили дигар тақсим шаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0