ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Маҷористон, ки қаблан то охир аз тарҳи "Маҷрои ҷанубӣ" пуштибонӣ мекард, омода аст кишвари тронзитии гази Русия боқӣ монад ва аз тарҳи ҷадиди кашидани лӯлаи газ тавассути Туркия пуштибонӣ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
"Маҷористон аз сармоягузорӣ барои интиқоли газ, ки тавассути Юнон, Македония, Сербия ба Маҷористон меояд истиқбол мекунад. Ман ба таъаҳҳудоте, ки бо раиси ҷумҳури Русия тавофуқ кадем итминон дорам", — гуфт нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар ҷараёни нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин.
Дар навбаи худ "Газпром" омода аст содироти миқдори гази ба Маҷористон ворид нашударо ба солҳои дигар вогузорад ва Будапештро аз шароити take-or-pay ("бигир ё бихар") озод кунад.
Ба гуфтаи Орбан, дар мавриди қарордоди газӣ ҷонибҳо тавофуқи сиёсӣ ба даст оварданд ва ҳалли масоили фаннӣ боқӣ мондаанд.
Тибқи гузориши "Газпром" дар соли 2014 интиқоли газ ба Маҷористон 5,331 миллиард кубометр буду дар соли 2013 — 5,97 миллиард кубометр.
Содироти гази русӣ ба Маҷористон соли 1975 оғоз шуда буд. Тавассути Маҷористон газ ҳамчунин ба Сербия, Черногория ва Босния интиқол мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Путин мукарраран тасмими ниҳоии Русия барои қатъи иҷрои тарҳи "Маҷрои ҷанубиро" изҳор дошт.
"Мо аз "Маҷрои ҷанубӣ" даст накашидем, ба мо имкон надоданд, ки онро амалӣ созем. Баъзе ҷузъиётҳое ҳастанд, ки дар бораашон ҳама медонанд, вале бояд онро мукарраран изҳор кунам", — гуфт раиси ҷумҳури Русия.
Вай ёдовар шуд, ки дар моҳи апрели соли гузашта порлумони Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки тибқи он "Маҷрои ҷанбуӣ" на танҳо судовар нест, балки барои ИА зараровар ҳам мебошад.
Дар натиҷа комиссияи Аврупоӣ ба Булғористон нома ирсол дошта қатъи умури омодагӣ ба ин тарҳро тақозо кард.
"Бозгашт ба "Маҷрои ҷанубӣ" дар он шакле, ки нахуст эълом шуда буд, имконнопазир аст", — гуфт Путин.
Вале ҳамзамон Русия қасд надорад, ки аз тарҳи ҷадиди туркӣ даст кашад.
Феълан, тавваҷӯҳи Русия ба сурати бебозгашт ба сохтмони лӯлаи гази ҷадиди "Маҷрои туркӣ" ва таъсиси маркази танзими интиқоли газ барои муштариён дар Аврупои Ҷанубӣ тамаркуз шудааст.