ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Қурби бозории доллари амрикоӣ давоми ҳафтаи гузашта мӯътадил буда, арзиши миёнаи як доллар 6,79 — 6,80 сомониро ташкил медиҳад, менависад сомонаи БМТ.
"5 сентябри соли равон қурби сомонӣ дар бозор каме коҳиш ёфта, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,8333-6,8467 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд",- омадааст дар иттилоия.
Қурби миёнаи як доллари амрикоӣ ибтидои ҳафтаи гузашта дар бозори асъор баробар ба 6,79-6,80 сомонӣ буд. Ҳарчанд дар лавҳаи саррофиҳои Душанбе он 6,56-6,58 сомонӣ нишон дода шудааст. Сабаби ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистонро коршиносони БМТ ба идомаи поинравии арзиши рубл арзёбӣ кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, арзиши 1 рубли русӣ то охири ҳафтаи гузашта баробар ба 0,0989-0,0998 сомонӣ буда, як евро 7,4311-7,4700 сомониро ташкил медод.