ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Беқурбшавии сомонӣ нисбати доллари ИМА аз 10 август то ҳол 2,1% шудааст, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).
Дар ду ҳафтаи ахир беқурбшавии рубли русӣ ба 12%, тенгеи Қазоқистон ба 22%, лираи туркӣ ба 5%, юани чинӣ ба 3% ва рубли Белорус ба 7% мушоҳида шудааст.
"Тоҷикистон, ки бо бештаре аз ин кишварҳо равобити қавии иқтисодӣ дорад, беқурбшавии пули милли ин кишварҳо барои Тоҷикистон беасар набуд ва ин авомили беруна ба беқурбшавии 2,1% сомонӣ мунҷар шуд", — зикр шудааст дар хабари БМТ.
Дар БМТ таъкид мекунанд, ки уфти пули миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балкӣ дар куллияи кишварҳои Авруосиё мушоҳида шудааст.
"Хабарҳои хуб, ки 26 август садо доданд, аз ҷумла баёнияи Бонки марказии Чин дар бораи коҳиши суди қарзҳо ва пасандозҳо ба боло рафтани қурбҳо дар биржаи молии Шанхай мунҷар шуданд. Қурбҳои нахустини дар биржаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки 3% боло рафтанд, умедворкунанда мебошанд", — зикр мекунанд дар БМТ.
Ба ин сабаб дар рӯзҳои ахир тақвияти андаки пули миллии Тоҷикистон, ба ҳудуди 0,7% мушоҳида шудааст.