Ба ниёзмандон дар Норак кӯмак расониданд

© Sputnik / Маша Росс / Гузариш ба медиабонкХонанда бо либоси мактабӣ. Акс аз бойгонӣ
Хонанда бо либоси мактабӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Норак бо ташабббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону корхонаҳо иқдоми хайриявӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол анҷом дода шуд.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Дар арафаи таҷлил аз 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба беш аз 140 донишомӯзи синфи 1 аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Норак либоси мактабӣ туҳфа шуд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

"Бо ташаббуси мақомоти маҳаллии шаҳри Норак ва дастгирии соҳибкорону корхонаҳо 144 донишомӯзи синфи 1 аз хонаводаҳои ниёзманд бо либос ва лавозимоти мактабӣ таъмин шуданд", —менависад агентии иттилоотӣ.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин иқдом дар асоси супоришу дастурҳои раҳбари давлат дар робита ба дастгирии ниёзмандон дар арафи ҷашни 24-солагии истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0