Озодӣ: ирсоли СМС тариқи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон номумкин гардид

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкФурӯшгоҳи телефонҳои мобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Фурӯшгоҳи телефонҳои мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон қатъи хадамоти ирсоли паёмакро "мушкили фаннӣ" номиданд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҳанӯз амалиёти боздошти Абдуҳалим Назарзода идома дорад.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон хадамоти фиристодану қабул кардани паёмак ё СМС-ро барои муштариёнашон қатъ кардаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

Бархе аз корбарони телефонҳои мобилӣ аз он шикоят доранд, ки аз нимаи дувуми 6 сентябр инҷониб наметавонанд, ба якдигарашон паёмак фиристанд ва ё қабул кунанд.

Масъулони ширкатҳои мобилии Билайн ва Babilon рӯзи 7 сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ қатъ шудани хадамоти ирсолу қабули паёмакро "мушкили фаннӣ" хонданд. Аммо дар ҳеч яке аз ширкатҳои мобилӣ нагуфтанд, ки ин хадамот кай дубора фаъол хоҳад шуд ва мушкили фаннӣ аз чӣ иборат аст?

Бори охир хадамоти фиристодани паёмак тариқи телефонҳои мобил дар Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли гузашта аз сӯи ширкатҳо мухобиротӣ қатъ гардида буд. Он замон гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, бахусус "Гурӯҳи 24" дар мавриди ташкили як гиридиҳамоӣ дар кишвар овоза паҳн карда, мардумро ба тазоҳурот даъват карда буданд.

Ҳоло қатъи хадамоти ирсолу қабули паёмак ба замони амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон барои боздошти Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ва ҳамроҳонаш дар дараи Ромит рост омадааст. Мақомот генерал Назарзодаро барои таъсиси гурӯҳи террористӣ ва ҳамла болои Шӯъбаи корҳоли дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ муттаҳам медонанд. Худи ӯ шоми 4 сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми муовини вазири дифоъ озод шуд ва ба қавли мақомот дар Ромит пинҳон шудааст.

Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳони 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат 9 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷон бохтаанд. ВКД мегӯяд, то ин дам беш аз чиҳил узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзодаро боздошт карда, бист тани дигарашонро безарар гардондааст.

Лентаи хабарҳо
0