Расонаҳо: дар пайи ҳамлаҳо ҳашт корманди милиса қурбон шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевМошини нозирони БДА ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Мошини нозирони БДА ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилоъи расонаҳо, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат 8 корманди пулис кушта шудаанд.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи субҳи имрӯз дар Душанбе ва ШВКД-и Ваҳдат  ҳашт корманди мақомоти интизомӣ кушта ва ду нафарашон захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ ба истинод ба манбаъ дар мақомоти қудратии кишвар.

Ба иттилоъи расида, дар задухӯрд дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ду афсари ОМОН ва як нозири роҳ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи мӯътамад аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хабар додаанд.

Милисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат ба қазияи Бобоҷонов рабт надорад

Ба қавли онҳо, вазъи ду милисаи маҷруҳ вазнин буда, дар бемористони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти муроқибати пизишкон қарор доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 2 пулис ва захмӣ шудани 3 ҳамлагар ба ШКД-и Ваҳдатро тасдиқ карда, фақат исми Зиёвиддин Абдуллоев, роҳбари ҳамлагаронро, ки аснои задухӯрд ба ҳалокат расидааст, ифшо кардаасту бас.

Радио Озодӣ аз нақли шоҳидони ҳодиса менависад, атрофи ШКД-и Ваҳдат панҷарапеч аст, вале вақте ин нафар (Зиёвиддин Абдуллоев- шарҳи идора) назди посбонҳо меояд, худро корманди Шӯъбаи пулиси Роҳатӣ муаррифӣ мекунад.

"Чун посбон ӯро мешинохтааст ва аз барканор шуданаш хабар надоштааст, дарро бар рӯяш боз мекунад",- омадааст дар хабари Озодӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар қиболи ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ намудааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ин ҳамла ба болои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба қазияи Умар Бобоҷонов, сокини 23-солаи ин шаҳр ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург дахл надорад, ки ба иддаои наздиконаш гӯё шаби 28 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шуда, ҳоло дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот тадбирҳои амниятиро дар Душанбе, шаҳраки Ваҳдат ва манотиқи дигари кишвар тақвият додаанд. Иншоотҳои муҳими стратегӣ таҳти назорати шадид қарор дошта, бордони мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳо кофтукоб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0