ВКД: ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат ба қазияи Бобоҷонов рабт надорад

© Sputnik / Амир ИсаевМилисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Милисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳамла аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста, аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонда шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik.Шаби гузашта, тақрибан соати 04.28 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр сурат гирифта, баъдан задухӯрд дар гардиши фурудгоҳи байнfлмилалии Душанбе идома кардааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба ОИ "Asia-Plus".

Манбаъ менависад, дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ду нафар кушта шуда, бино ба хабари "Азия Плюс" дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат чор нафар ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳамла аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста, аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонда шудааст. "Дар натиҷа, Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд",-мегӯяд ВКД.

Мақомоти умури дохилӣ меафзояд, аммо ин ҳамлаҳо ба қазияи Умар Бобоҷонов дахл надорад, ки ба иддаи наздиконаш гӯё аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шуда, ҳоло дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон аст.

Лентаи хабарҳо
0