ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Буҳроне, ки дар Аврупо вобаста ба паноҳҷӯён ба вуҷуд омадааст ба сиёсати нодуруст, қабл аз ҳама ба иштибоҳҳои ИМА дар Ховари Миёна рабт дорад, иброз дошт президенти ФР Владимир Путин аснои посух гуфтан ба суолҳои хабарнигорон дар Ҳамоиши иқтисодии шарқӣ.
"Буҳрони муҳоҷирон дар ИА пешгӯишаванда буд- ин натиҷаи сиёсати нодуруст, қабл аз ҳама иштибоҳҳои ИМА дар Ховари Миёна мебошад; Маскав бо ҳамкорони хориҷӣ дар мавриди таъсиси эътилофи зиддитеррористӣ машварат мекунад, аммо дар бораи ширкати бевоситаи ФР дар амалиётҳои низомӣ алайҳи ДИ ҳанӯз барвақт аст",- афзуд Путин.
Ба вазъи феълии иқтисоди кишвар ва таҳримҳо дахл карда, раисҷумҳури Русия гуфт, ҳоло он ба уфту хези арзиши нафт мутобиқ шудааст, аммо баъзе аз мушкилиҳо дар ин росто вуҷуд доранд ва бояд сареъан рафъ гарданд.
Оқои Путин дар робита ба авзоъи Украина гуфт, дар асоси созишномаи Минск бояд Киев мавзӯъи ворид кардани ислоҳоту тағйирот дар Конститутсияро бо Донбасс ҳаллу фасл намояд, аммо то ҳанӯз аз он хабаре нест.