Сокини Ваҳдат: садои тирпарронӣ ва таркишро шунидем

© Sputnik / Амир ИсаевГород Вахдат. Архивное фото
Город Вахдат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВКД хабар медиҳад, ки ҳуҷуми мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат бо сардории Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Муҳаммадносир, як сокини шаҳри Ваҳдат дар суҳбати телефонӣ бо Sputnik гуфт, субҳи 4 сентябр дар пайи тирпарронӣ дар ШКД-и ин шаҳр як таркиш ҳам рух додааст.

Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз  бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: дар робита ба ҳодисаи субҳи 4 сентябр парванда боз шуд

"Аз соати 3 он тараф дигар хоб нарафтем. Манзили мо дар наздикии Шуъбаи корҳои дохилӣ аст. Тирпарронӣ каме давом кард ва як таркиш рух дод ва бо ҳамин садои тирпарронӣ ҳам қатъ гардид", — афзуд ин сокини Ваҳдат.

Ҳоло ҷасади кушташудаҳо дар ду мошини ёрии таъҷилӣ аз ШКД бароварда шудааст. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, теъдоди кушташудаҳо барои сокинон дақиқ нест. Вале мардум аз ин ҳодиса дар таҳлука афтодаанд.

Бино бар иттилои ВКД, субҳи 4 сентябр як гуруҳи мусаллаҳ бо сардории Зиёвиддин Абдуллоев ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷум карданд, ки "аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонида шуд".

"Дар натиҷа, Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд", — омадааст дар хабари ВКД.

Ҳамзамон, расонаҳо аз як ҳамлаи дигар дар маҳаллаи "гардиши фурудгоҳи Душанбе" хабар медиҳад, ки дар пайи он 2 нафар корманди ОМОН ва як нозири роҳ кушта шудааст. Мақомот ин ҳаводисро таҳқиқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0