ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳамлаи мусаллаҳона болои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии пойтахт, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ намудааст, менависад Радиои Озодӣ.
Бино бар иттилои сомонаи ВКД, ҳамла соати тақрибан панҷи субҳи чоруми сентябр рух дода, дар пайи он ду нафар кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти ин ниҳоди қудратӣ гуфтанд, ки "ҳамла ба раҳбарии Зиёвиддин Абдуллоев аз сӯи гурӯҳи ҷинояткорон" сурат гирифтааст.
"Ин ҳамла аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонда шуд. Дар натиҷа, Зиёвуддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардиданд", — омадааст дар сомона.
Дар ҳамин ҳол, оҷонсии хабарии "Азияи плюс" бо такя ба манобеи худ менависад, ки дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳи Душанбе субҳи имрӯз соати тақрибан 5:15 дақиқа ду корманди ОМОН-и ВКД ва як нозири роҳ кушта шудааст.
Манобеи "Азия плюс" гуфтаанд, мақомот дар ин ҳамлаи мусаллаҳона собиқ аъзои Иттиҳоди неруҳои мухолифин Ҷунайдуллоро гумонбар медонад, ки баъд аз имзои созишнома шомили Вазорати дифои Тоҷикистон гардида буд. Вай чанде муқаддам аз санҷиш нагузашт ва аз вазифа барканор гардида буд. Мақомот ин фарзияро низ рад намекунанд, ки Ҷунайдулло танҳо набудааст. Ҳоло дар шаҳр нақшаи ҷустуҷӯ ва боздошти гумонбарон эълон шудааст.
"Азия плюс" аз қавли манбааш менависад, ҳодисаи гардиши фурудгоҳ бо ҳамла болои ШКД-и Ваҳдат рабт надорад.
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат кори дасти пайвандони Умар Бобоҷонов, ҷавоне, ки ба бовари пайвандонаш, дар пайи лату кӯби милисаҳо ҷароҳат бардошта, феълан дар бемористон аст, мебошад. Аммо хабаргузории "Озодагон" менависад, падари Бобоҷонов — Маҳмадсаид Бобоҷонов гуфтааст, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд.
"Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст", — илова кардааст Маҳмадсаид Бобоҷонов.