ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин 3 сентябр доир гардид, иштирок кардааст, менависад сомонаи президент.
Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои дигарро Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин истиқбол гирифт.
Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.
Си Ҷинпин зимни суханронӣ ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик гуфтааст.
Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Русия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиа намояндагӣ кардааст.