Си Ҷинпин: ба Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат кӯмак мекунем

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ҶМЧ Син Ҷинпин. Акс аз бойгонӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ҶМЧ Син Ҷинпин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин барои навсозии пурраи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва ҳамоҳангсозии панҷҷонибаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Чин  бо Син Ҷинпин, сарвари ин кишвар мулоқот кард, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии президенти ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба раиси ҷумҳурии Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.

Ширкати “ZTE” дар 100 кишвар фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон низ

"Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад. Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем",-афзуд президенти Тоҷикистон.

Ҳамзамон роҳбари давлати Чин Си Ҷинпин гуфтааст, ки кишвараш минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷониби Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии "Шоҳроҳи Абрешим" бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ — ҳамоҳангу ҳамқадам бошад.

Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки кишоварзии Чин ба Тоҷикистон дар як сол $100 млн. кӯмак кардааст

Қайд гардид, ки Чин барои навсозии пурраи роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва ҳамоҳангсозии панҷҷонибаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Манбаъ меафзояд, Си Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад. Раиси Чин изҳор дошт, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Чин ва Тоҷикистон омода аст.

Лентаи хабарҳо
0