Ширкати “ZTE” дар 100 кишвар фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон низ

© AP / Manu FernandezРамзи ширкати ZTE. Акс аз бойгонӣ
Рамзи ширкати ZTE. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар чорчӯби сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии  сарвари давлат.

Аснои нишаст бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Манбаъ менависад, ин дуввумин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Чин маҳсуб ёфта, соли 1985 таъсис гардидааст.

Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки кишоварзии Чин ба Тоҷикистон дар як сол $100 млн. кӯмак кардааст

Дар Тоҷикистон низ намояндагии  ширкати "ZTE" фаъолият дошта, алъон ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида — ҶДМММ «ЗТИ Тоҷикистон» машғули тиҷорат аст.

Ширкати «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.

Ба навиштаи манбаъ, ширкати мазкур аз соли 2009 то ҳоло дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.

Дастгоҳи асосии ширкати "ZTE" дар ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додаст.

Лентаи хабарҳо
0