Ду ҷавони афғон барои ишқи номашруъ 100 тозиёна хурданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСуд. Акс аз бойгонӣ
Суд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷрои ҳукми тозиёнаи ин ҷавонҳои ошиқ дар пеши чашми мақомот ва масъулини додгоҳ ва ҳам шоҳидон сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар Афғонистон ду ҷавони ошиқро барои равобити маҳрамона ба тозиёна маҳкум карданд, менависад Радиои Озодӣ.

Дар Кобул ба чаҳор нафар аз қотилони Фархунда ҳукми эъдом доданд

Аҳмад ва Зармина, ду ҷавони сокини вилояти Ғӯр дар таърихи додгоҳи ин вилоят аввалин ҷуфте буданд, ки барои равобити маҳрамона муҷозот шуданд. Ин ду ҷавон дар ҷараёни мурофиа иқрор кардаанд, ки чаҳор маротиба бо ҳам робитаи маҳрамона доштаанд. Ҳар кадоме ба 100 тозиёна ё шаллоқ маҳкум шуданд.

Ин ҳодиса рӯзи 31 август рух додааст. Барои аввалин бор ҳукми ин ду муҷрим ҳам дар мазҳари ом ба иҷро даромад. Иҷрои ҳукми тозиёнаи ин ҷавонҳои ошиқ дар пеши чашми мақомот ва масъулини додгоҳ ва ҳам шоҳидон сурат гирифт.

Додрас Атомуҳаммад Форуғӣ гуфтааст, ки ҷавонҳо дар баробари мақомоти тафтишотӣ ба содир кардани аъмоле эътироф кардаанд, ки аз рӯи қонунҳои шариати Ислом мамнӯъ аст. Дафъатан баъди хондани қарори додгоҳ ҳукм иҷро шуд.

Дар муҳокима ва ҷараёни иҷрои ҷазо, ки зоҳиран дар беруни сохтмони додгоҳ мегузарад, ҳеҷ нафар аз занон ба чашм намехӯрад. Зармина ва Аҳмад бо тасмае ба пушташон 100 зарбагӣ шаллоқ хӯрданд ва ҳеҷ садое ҳам ба забон наоварданд. Тибқи иттилои ахир, ин ҷавонҳо ҳамоно дар боздошт қарор доранд, ҳарчанд баъди татбиқи ҳукми додгоҳ бояд озод мешуданд.

Ҷумҳурии Афғонистон, ки бар асоси қавонини шариат амал мекунад, аз ҷониби фаъолон дар дохил ва хориҷи ин кишвар барои ҳукмҳои золимонаву поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ интиқод шудааст. Ба бовари аксар фаъолони ҳуқуқи башар, масъалаи доштани равобити маҳрамона бо мард ё зане аз ҳамин қабил масоил аст ва дар аксар ҷомеаҳои пешрафта ҳамчун дахолат ба ҳарими хусусӣ арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0