Дар Кобул ба чаҳор нафар аз қотилони Фархунда ҳукми эъдом доданд

© AP / Massoud HossainiМардон рӯзи 24 марти соли 2015 дар гирдиҳамоӣ дар даст акси Фархундаро медоранд
Мардон рӯзи 24 марти соли 2015 дар гирдиҳамоӣ дар даст акси Фархундаро медоранд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор нафар ба ҳукми эъдом ва боз ҳашт нафари дигар ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд – ин аст натоиҷи муҳокимаи додгоҳии парвандаи қатли худсаронаи сокини ҷавони Кобул.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар Кобул чаҳор нафар ба ҳукми олӣ — эъдом барои иттиҳоми қатли сокини 27 солаи маҳаллӣ Фархунда маҳкум шуданд, менависад Khaama Press.

Ҳамчунин тибқи ин парванда ҳашт нафар барои 16 солӣ равонаи зиндон шуданд.

"Аз ҳукми эъдоми Муҳаммад Яқуб, Муҳаммад Шариф, Абдул Башир ва Зайнал Абдинро метавонанд ба додгоҳи истинофӣ шикоят бубаранд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз гуфтаҳои манбаъ дар додгоҳи Кобул.

Дар остонаи таҷлил аз Наврӯз дар Кобул рӯзона издиҳоми ба хашм омада духтараки 27 сола Фархундаро то маргаш латукӯб карданд ва сипас ҷасади ӯро сӯзониданд. Дертар дар шабакаҳои интернетӣ навори видеоии додгоҳи худсаронаи ин зан пахш шуд, ки дар он ӯро дар сӯзонидани Қуръон муттаҳам караданд.

СММ сӯзондани зани афғонро дар арафаи Наврӯз маҳкум кард

Баъд аз чанд рӯзи дафни вай, 24 март чанд ҳазор одам дар пойтахти Афғонистон гирдиҳамоӣ карда аз мақомот тақозо карданд, ки омилони қатли духтарак мунсифона муҷозот шаванд.

Дастандаркорон ин гирдиҳамоиро бузургтарин дар таърихи Кобул унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки дар робита ба ин қазия 49 нафар боздошт шудаанд, вале ба иттилоъи Khaama Press 18 нафари онҳо ба далели собит нашудани ҷурмашон озод шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0