ВКД: боздошт шудани омилони ду ҳодисаи куштор дар шимоли Тоҷикистон

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Вазорати умури дохила тайи рӯзи гузашта ду ҳодисаи кушторро дар вилояти Суғд таҳқиқ намуда, омилони онҳоро боздошт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ғончии шимоли Тоҷикистон қотили марди 36-сола боздошт гардида, тафтишоти қазия идома дорад, менависад сомонаи ВКД.

Ба иттилоъи манбаъ, гумонбаршуда рӯзи 17 август дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш марди 36-сола, сокини ноҳияи Истаравшанро бо ҳамсари 29-солааш ҳангоми алоқаи ҷинсӣ дида, ӯро бо ресмони алафбандӣ буғӣ кардааст.

Силоҳи Калашников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: гумонбарони куштор, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дар Суғд боздошт шуданд

Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади ӯро ба кӯҳ бурда, дар зери дарахти арча гӯронидааст.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта ҷасади як зани 46-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфт гардид. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян намуд, ки гумонбаршуда дар ҳавлии истиқоматии зани марҳум ба ҳайси меҳмон қарор дошта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ зада, номбурдаро ба ҳалокат расонидааст.

Дар қиболи дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.   

Лентаи хабарҳо
0