ВКД: гумонбарони куштор, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дар Суғд боздошт шуданд

© Sputnik / Игорь РуссакСилоҳи Калашников. Акс аз бойгонӣ
Силоҳи Калашников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қуштори хонаводаи Бобоевҳо, ки ба тиҷорати тилло дар вилояти Суғд машғул буданд, 2 июни соли 2013 сурат гирифт, аммо тӯли ду сол омилони ҷиноят дар ҷустуҷӯ қарор доштанд ва мақомоти интизомӣ низ барои ёрӣ дар ин кор 30 ҳазор доллар ҷоиза таъин карданд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Вазорати коррҳои дохилӣ расман эълон кард, ки падару писар — Муҳиддин ва Адҳам Раҳматовҳоро ба гумони куштори тоҷир Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсар ва се фарзандаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошт намудааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

"Баъд аз 2 соли кофтукоб, бо гумони даст доштан дар куштори оилаи Бобоевҳо, ки ҷомеаро таккон дод, падару писар, сокинони Хуҷанд — Муҳиддин Раҳматов (1966) ва Адҳам Раҳматов (1998) боздошт шуда, "шариконашон" — Олим Раҳматов ва Қиёмиддин Раҳматов таҳти пайгард қарор гирифтаанд. Сарвиноз Раҳматова, духтари ин хонадон низ барои "иштирок" дар ҷинояти дигар дастгир шудааст",- меафзояд манбаъ.

Қуштори  хонаводаи Бобоевҳо, ки ба тиҷорати тилло дар вилояти Суғд машғул буданд, 2 июни соли 2013 сурат гирифт, аммо тӯли ду сол омилони ҷиноят дар ҷустуҷӯ қарор доштанд ва мақомоти интизомӣ низ барои ёрӣ дар ин кор 30 ҳазор доллар ҷоиза таъин карданд.

Корманди пулис бо завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Падару писар- гумонбарони куштор дар Суғд боздошт гардиданд

Ба иттилоъи ВКД, Муҳиддин Раҳматов ва Олим Раҳматов бо силоҳи оташфишони тамғаи "Калашников" тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ Аҳмадхӯҷа Бобоев шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандони ноболиғи онҳо — Рухшона ва Сӯҳробро ба қатл расондаанд.

"Баъд, фарзанди хурдии оила Санҷарбек Бобоевро дар ҳаммоми ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпӯш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи бензин хонаро оташ мезананд. Бар асари сӯхтори баамаломада ноболиғ Санҷарбек Бобоев аз дуди оташ заҳролуд ва ба ҳалокат расидааст," — омадааст дар шарҳи расмии ВКД, ки дар торнамои он нашр шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи боздошти Муҳиддин Раҳматов ва Адҳам Раҳматов  мегӯяд, дастгир гардидани ҷинояткорон баъд аз ҳамлаи 20 июли онҳо ба Зебӣ Қосимова — сокини шаҳри Хуҷанд ва тасарруфи ҷавоҳироти ӯ ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ имконпазир шудааст. Ба қавли мақомоти милиса, дар ҷараёни тафтиши ҳодисаи ҳамла болои Зебӣ Қосимова мушаххас шудааст, ки "гурӯҳи Раҳматовҳо" дар чанде аз ҷиноятҳои дуздии ҷавоҳирот, пули зиёд ва куштори одамон низ гумонбаранд.

Ҳамзамон, мақомоти тафтишотӣ Муҳиддин Раҳматов ва Олим Раҳматовро дар куштори кормандони нуқтаи ивази асъор — падару писар — Юлдош Бурҳонов ва Фарҳод Бурҳонов, сокинони шаҳри Хуҷанд муттаҳам медонанд. Онҳо мегӯянд, Раҳматовҳо баъди ба ҳалокат расондани Юлдошевҳо сумкаи варзишиеро, ки дар дохилаш пули нақди 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ буд, тасарруф ва бо истифода аз автомашинаи тамғаи «Мерседес — Бенс»-и нуқраранг аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар идомаи баёнияи расмии ВКД омадааст, Муҳиддин Раҳматов ва духтараш Сарвиноз Раҳматова дар тасарруфи 450 000 (чорсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ Саодат Ваҳобова, фурӯшандаи маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд айбдор мешаванд. "Айни ҳол, гумонбаршудагон Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, фарзандони ӯ — Раҳматов Адҳам Муҳиддинович ва Раҳматова Сарвиноз Муҳиддиновна дастгир ва аз манзили зисти онҳо як қисми далелҳои шайъӣ — ҷавоҳироти тиллоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят — силоҳи оташфишони тамғаи "Калашников", бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКД ҶТ, чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир кардани ҳамиштирокчиёни ҷиноятҳои содиршуда — Раҳматов Олим Ваҳобович, соли таваллудаш 1971 ва Раҳматов Қиёмиддин Олимович, соли таваллудаш 1995 — сокинони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҷӯра Зокир хонаи 303 идома доранд.  

Лентаи хабарҳо
0