ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дарвозабони асосии мунтахаби Австралия Мэтю Райан, ки дар тими "Валенсия"-и Испания бозӣ мекунад, бо сабаби лат хӯрдани зонуяш наметавонад дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 муқобили тимҳои миллии Бангладеш (3 сентябр) ва Тоҷикистон (8 сентябр) ширкат варзад, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Дар бозии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Испания муқобили «Депортиво» (1:1) зонуи Райан лат хӯрдааст. Ба ҷои ӯ ба дастаи мунтахаби Австралия оҷилан дарвозабони 34-солаи бошгоҳи «Аделаида Юнайтед» Юҷин Галекович, ки аз соли 2009 ҳамагӣ дар 9 бозии мунтахаб иштирок кардааст, даъват шудааст",- омадааст дар хабар.
Ба иттилоъи манбаъ, чанд рӯз пеш дар рӯйхати австралиягиҳо се тағйирот ба амал омада буд. Майкл Единак, капитани мунтахаби Австралия, ки дар тими «Кристал Пэлас»-и Инглистон бозӣ мекунад, низ ба иллати латхӯрӣ дар бозиҳо муқобили Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.
Ҳамчунин, боз ду нафари дигар — ҳамлагар Томи Юрич («Рода», Ҳолланд) ва Робби Круз («Байер-04», Олмон) дар ин бозиҳо бо сабаби беморӣ ширкат карда наметавонанд. Ба ҷои онҳо сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу ба даста нимҳимоятгар Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия), инчунин ҳамлагарон Кристофер Икономидис («Латсио», Италия) ва Бен Ҳаллоранро («Ҳайденҳайм», Олмон) даъват кардааст.
Мунтахаби Австралия рӯзи панҷшанбе, 3 сентябр, дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад.
Баъди анҷоми бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад, мухлисони футбол метавонанд бо билетҳои тамошои ин дидор, инчунин дар бозии лотерея ширкат намоянд.
Ҳоло дар гурӯҳи "В" се даста — Урдун, Қирғизистон ва Австралия сеимтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш — якимтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.