Тими мунтахаби Тоҷикистон бар тими мунтахаби Молдив пирӯз шуд

© Официальный сайт ФФТТими мантахаби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тими мантахаби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду тӯби задаи бозингарони “Истиқлол” ба пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Молдив боис шуд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Молдив бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зарбаҳои дақиқи футболбозони "Истиқлоли" Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов боиси пирӯзии тими миллии Тоҷикистон шуданд.

Бозии дӯстона шоми рӯзи панҷшанбе дар варзишгоҳии миллӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Мале баргузор шуд.

Қаблан сармуррабии тими Молдив Велизар Попов хабар дода буд, ки чаҳор тан аз бозингарони беҳтарини ин даста ба далели ҷароҳатҳои бардошта наметавонанд дар ин бозӣ ширкат дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0