ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Донишҷӯйи Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия аз табақаи 19 баландтарин бино дар кишвар афтода дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.
Ин фоҷиа шоми рӯзи панҷшанбе соати 19:30 рух додааст.
"Диловар Камолови 21-сола, донишчӯйи бахши севвуми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми қарор доштанаш дар табақаи 19-уми "Душанбе-Плаза" аз беэҳтиётӣ аз он ҷо сарозер шуд", — омадааст дар хабар.
Бо бардоштани ҷароҳатҳои сангин ин ҷавон дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дод.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуд, ки ин ҷавон худкушӣ кардааст. Бархеи дигар навиштаанд, ки вай дар табақаи 19-ум барои қарордоди иҷора қарор доштааст.
"Гуфтанд, ки баъд аз чанд рӯз вай зодрӯз доштааст ва мехостааст дар ин ресторан онро ҷашн бигирад. Ҳатто мабалғи гаравпулиро низ пардохт кардааст", — навиштааст корбар Умед Пӯлодов дар зери ин хабар.
Ин нахустин хабар дар бораи рӯйдоди фоҷиъавӣ дар робита ба "Душанбе-Плаза" мебошад. Дар табақаи 24-уми ин маҷмаъа ресторанҳо дар фазои боз воқеъанд.