Таҳқиқот: табаъайи 18 солаи тоҷик худкушӣ кард

Обуна шудан
Раҳбари бахши таҳқиқотии ноҳияи Волоколамск Николай Берестянский зикр кард, ки натоиҷи таҳқиқи ниҳоӣ баъд аз анҷоми умури зарурии бозрасӣ эълом хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилоъи муаддамотии таҳқиқот сокини 18 солаи Тоҷикистон, ки ҷасадаш 31 июл дар вилояти Маскав пайдо шуд, аз тариқи ба дор овехтанаш худкушӣ кардааст, хабар медиҳад маркази матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ФР.

Чунин натоиҷро раҳбари бахши таҳқиқотии ноҳияи Волоколамск Николай Берестянский изҳор дошт.

Додгоҳи Москав қотили шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард

Вай ҳамчунин зикр дошт, ки натоиҷи таҳқиқи ниҳоӣ баъд аз анҷоми умури зарурии бозрасӣ эълом хоҳад шуд.

Ҷасади Абдулло Дӯстови 18-сола рӯзи ҷумъаи гузашта дар қаламрави шаҳраки Таболовои ноҳияи Волоколамски ФР пайдо шуд, ки дар он ҷо марҳум дар ширкати "Авангард" чӯпонӣ мекард.

Ба гуфтаи бародари фавтида Аҳмад Дӯстов ҷасади бародарашро бо дастони баста ва овезон дар дарахт бо нишонаҳои маъмулӣ дар маҳалли гардан пайдо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0