ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Қурби арзи амрикоӣ дар Тоҷикистон баъд таввақуфи кӯтоҳмуддат болоравии худро идома дода, рӯзи ҷумъа барои 1 доллари ИМА 5,77 сомонӣ медиҳанд, хабар медиҳад сойти Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Дар Тоҷикистон доллар ба арзиши худ аз авоили моҳи ҷорӣ 1% изофа кард. Дар аввали моҳи феврал қиммати муттавасити вай дар бозори арзи кишвар 5,70 сомонӣ буд.
Вале аз авоили соли ҷорӣ доллар нисбати пули Тоҷикистон 5,2% қиммат шуд — дар авоили моҳи январ қиммати муттавасити як доллар 5,48 сомонӣ буд.
Қимматтарин доллар дар Душанбе ва Хуҷанд аст — 5,78 сомонӣ, дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мутаносибан 5,76 ва 5,77 сомонӣ арзиш дорад. Дар Хоруғ қурби доллар дар сатҳи 5,50 ист кардааст.
Дар баробари доллар қурби рубли русӣ низ боло меравад. Рӯзи ҷумъа арзиши муттавасити 10 рубли русӣ 0,92 сомонӣ буд. Ба ин тартиб, рубл вазъи авоили соли ҷориро ба худ баргардонид. Дар миёни аз 1 январ то ба имрӯз қурби рубли русӣ то ба 0,81 сомонӣ дар авоили моҳи феврал пойин рафта буд.
Евро, баръакс, арзонтар шуд. Қурби пули воҳиди ИА аз 6,53 сомонӣ дар авоили моҳи январ то 6,42 сомонӣ дар 20 феврал коҳиш ёфт. Қиммати пойинтарини пули воҳиди ИА аз авоили соли ҷорӣ дар аввали ин моҳ — 6,32 сомонӣ сабт шуда буд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар мусоҳибае дар сойти БМТ шарҳ медиҳад, ки на танҳо пули миллии Тоҷикистон нисбати доллар мавқеъи худро аз даст медиҳад, ин амр дар куллияи кишварҳо мушоҳида мешавад. Вазъ дар сурати болоравии қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ тағйир хоҳад ёфт.