Раҳмон: вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик" нигаронкунанда аст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон. 5 августи соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон. 5 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Райисҷумҳур аснои ҷаласаи ҳукумат аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик” шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави корхона талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фуруши барқро ба низом дароранд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳукумат баргузор гардида, дар он нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Тибқи иттилоъи манбаъ, бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ муовинони раиси ШСХК "Барқи Тоҷик" — Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.

Бинои ширкати Барқи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислоҳот дар "Барқи тоҷик" то соли 2018 ба анҷом мерасад

Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки 50% кормандони дастгоҳи марказии ШСХК "Барқи Тоҷик" ихтисор карда шудааст. Дар ҳамин росто мутахассиси ҳирфаӣ ва ҷавон- Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК "Барқи Тоҷик" таъин гардид, ба аъзои ҳукумат муаррифӣ шуд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави корхона талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фурӯши барқро ба низом дароранд.

Ҳамзамон, бо қарорҳои марбута Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии дастгоҳи иҷроияи президент, Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"  ва Холдоров Олимҷон Ортиқович директори "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ" таъин гардиданд.

Дар анҷоми нишаст ба масъулин доир ба андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда, сарфаи сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи шоиста аз ҷашни Истиқлол дастуру супоришҳо дода шуд.   

Лентаи хабарҳо
0