Ислоҳот дар "Барқи тоҷик" то соли 2018 ба анҷом мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои ширкати "Барқи тоҷик". Акс аз бойгонӣ
Бинои ширкати Барқи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин пешниҳод ҳанӯз соли 2010 сурат гирифта буд ва дар асоси он таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” моҳи майи соли 2012 шурӯъ шуда, бо қарори ҳукумати кишвар Шӯрои нозирони “Барқи тоҷик” таҳти роҳбарии нахуствазир таъсис ёфт.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ширкати "Барқи Тоҷик" тасмим дорад, иддае аз кормандонашро ихтисор кунад ва ислоҳоти куллии сохторро ба анҷом расонад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Роҳбари дафтари матбуотии ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии хабарӣ гуфтааст, сабаби ин амр "баланд бардоштани вазъи молиявӣ ва ба як ширкати мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ табдил додани ширкат" мебошад.

"Ихтисори кормандон дар заминаи таҷдиди сохтори ширкати "Барқи тоҷик" ва аз сӯи комиссияи вижа сурат мегирад. Асосан, кормандоне ихтисор мешаванд, ки аз рӯи ихтисос фаъолият надоранд",- афзудааст вай.

Тибқи иттилоъи манбаъ, созмонҳои молии кӯмакрасон, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ба ҳукумати ҶТ пешниҳод карда буданд, дар сохтори ширкати "Барқи тоҷик" ислоҳот ворид намояд. Ин пешниҳод ҳанӯз соли 2010 сурат гирифта буд ва дар асоси он таҷдиди сохтори ширкати "Барқи тоҷик" моҳи майи соли 2012 шурӯъ шуда, бо қарори ҳукумати кишвар Шӯрои нозирони "Барқи тоҷик" таҳти роҳбарии нахуствазир таъсис ёфт.

Дар асоси тарҳи вижа ва дурнамои рушди соҳа таҷдиди ширкат бояд то соли 2018 ба анҷом расад.   

Лентаи хабарҳо
0