Ҳаҷ-2015: 186 нафар аз Хуҷанд аввали сентябр ба Ҷидда парвоз мекунанд

© Flickr \ Citizen59Хаҷ. Акс аз бойгонӣ
Хаҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Аввали сентябри соли равон 186 нафар сокинони Хуҷанд бо мақсади зиёрати Хонаи Худо ба Ҷидда парвоз мекунанд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба иттилоъи манбаъ, сафарбарнамоии зоирин то 11 сентябри соли равон сурат мегирад ва имсол беш аз 1650 сокини вилояти Суғд барои тавофи Каъба мераванд.

Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷ 2015 –23 ҳазор сомонӣ арзиш дорад

Қаблан, мудири Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд Обидҷон Шарофов дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки зиёда аз 30 ҳазор сокини вилоят барои рафтан ба зиёрати хонаи Худо дар навбат истодаанд.

"Бештари дар навбатбудаҳо сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент мебошанд. Инчунин, бояд гуфт, ки то имрўз ҳуҷҷати 1655 нафар сокини вилоят омода шуда, ба Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон фиристода шудааст ва аз ин теъдод 912 нафарро мардон ва 743 танро занон ташкил дода, 4 нафар бо квотаи президентӣ ройгон ба зиёрати хонаи Худо мераванд",-илова кард вай.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Пардохти маблағи ҳаҷҷи соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирамро ташкил медод ва ба қавли мақомот, дар ин хизматрасониҳо пули чиптаи ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, 3 маротиба ғизо дар як рўз, хидмати роҳбаладон, кўмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0