ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи имсолаи сафари Ҳаҷро наздики 23 000 сомонӣ муқаррар кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.
"Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи имсолаи сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудиро муайян намуд, ки он 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирамро ташкил медиҳад", — омадааст дар сомона.
Бино бар ин манбаъ, зоирон бояд пули Ҳаҷро ба "Ориёнбонк" супоранд. Нархи имсолаи Ҳаҷ назар ба соли гузашта 4741 сомонӣ боло рафтааст. Афзудани нарху наво ва қурби доллар як далели ин тасмим гуфта мешавад.
"Азбаски тамоми муомилаҳои марбут ба Ҳаҷ бо Арабистони Саудӣ ва хидматрасониҳо ба зоирон бо асъори хориҷӣ сурат мегирад, уфтодани қурби пули сомонӣ сабаб шуд, ки нархи Ҳаҷ бозбинӣ шавад. Вагарна бо доллар агар ҳисоб кунем, нарх тағйир наёфтааст", — гуфтааст як манбаи кумитаи дин ба "Радиои Озодӣ".
Пули сафари Ҳаҷ маъмулан харҷи парвоз бо ҳавопаймо дар масирии Душанбе — Ҷидда —Душанбе, суғуртаи тиббии зирон, пули ғизо ва зиндагии онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина, ҳаққи хидмати роҳбаладон, пули либоси ягона ба зоирон ва пули чорво барои қурбониро дар бар мегирад.
Тибқи қарори ахири Кумитаи дини Тоҷикистон, аз имсол танҳо нафарони аз 35-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имкони зиёрат барои хоҳишмандони солманд аст, чунки навбати Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии кишвар аллакай барои 5 ва ҳатто 10 соли оянда пур шудааст.
Нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар ҳоле барои 4700 сомонии дигар боло бурда шуд, ки чанд муддат боз дар маҳфилҳо мавзӯи назар ба Қирғизистони ҳамсоя қариб 1200 доллар баландтар будани қимати сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон доман зада мешавад.
Кумитаи дин ахиран ҳатто бо нашри як матлаби муфассал бо номи "Чаро нархи ҳаҷҷи Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон гаронтар аст?" маҷбур шуд, масъаларо шарҳ бидиҳад. Дар шарҳи Кумитаи дин гуфта мешуд, ки "агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 км дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат менамуданд. Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини либосу ҷузвдон ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст."
Далели дигар, бино ба шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин аст ки "зоирини тоҷик се моҳ пеш аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад".
Соли гузашта аз Тоҷикистон 6300 нафар фарзи Ҳаҷро адо карданд. Кумитаи дин чанд сол боз талош дорад, ки квотаи аз сӯи Арабистони Саудӣ ҷудошуда барои Тоҷикистонро ба 8000 бирасонад, зеро тибқи қоида, ин квота барои ҳар 1000 сокини мусалмони кишвар як нафар муқаррар карда мешавад ва шумори аҳолии Тоҷикистон аллакай ба 8,5 миллион нафар наздик мешавад. Аммо мақомоти Саудӣ ба далели бозсозии манотиқи атрофи масҷиди Ҳарамайн дар Макка баррасии ин масъаларо ба ақиб андохтаанд.