Фаронса кулли маболиғ барои “Мистрал”-ҳоро ба Русия баргардонд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКиштии чархболнишини навъи "Мистрал". Акс аз бойгонӣ
Киштии чархболнишини навъи Мистрал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввоили моҳи август Маскав ва Париж дар мавриди лағви қарордод дар бораи сохтмону содироти ду киштии чархболнишини навъи “Мистрал” ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Фаронса барои интиқол надодани «Мистрал»-ҳо  ба Русия ҳудуди 900 миллион евроро баргардонд, иброз дошт як мансабдори баландпоя аз Хадамоти ҳарби техникии федеролӣ аснои сӯҳбат бо РИА Новости.

Дмитрий Песков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Песков: мушкилоти “Мистрал”-ҳо миёни Фаронса ва Русия ҳал шуд

Қаблан ҳам Париж расман эълом дошт, ки барои содирот нашудани "Мистрал"-ҳо маболиғро дар ҳаҷми на камтар аз 1 миллиард евро ба Русия бармегардонад.

"Фаронса ба Русия куллияи маболиғро барои интиқол надодани "Мистрал"-ҳо баргардонд. Ҳаҷми умумии маболиғ ба 900 миллион евро баробар аст. Русия дар замони пеш аз лағви созишнома 800 миллион евро пардохта буд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Қарордоди харидории ду киштии чархболнишини навъи "Мистрал" миёни ширкати фаронсавии DCNS/STX ва Рособоронэкспорт дар соли 2011 имзо шуда буд.

Фаронса муваззаф шуда буд, ки киштии нахустини "Владивосток"-ро дар моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад, вале ин амр сурат нагирифт.  

 

Лентаи хабарҳо
0