Песков: мушкилоти “Мистрал”-ҳо миёни Фаронса ва Русия ҳал шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДмитрий Песков. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Песков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков афзуд, роҳбарони Фаронса ва ФР ба ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, аз ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмону содироти киштиҳои чархболнишин истиқбол карданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Мавзӯъи "Мистрал"-ҳо дар муносиботи тарафайни Русия ва Фаронса дигар вуҷуд надорад, иброз дошт котиби матбуотии райисҷумҳури ФР Дмитрий Песков.

Вазорати дифоъи Фаронса: ба ФР то 1,2 млрд. евро баргардонида мешавад

Президентҳои Фаронса ва Русия — Владимир Путин ва Франсуа Олланд тасмими лағви қарордод дар бораи бунёд ва содироти киштиҳои чархболнишини навъи "Мистрал"-ро гирифтанд. Париж аллакай маблағи шартномаро баргардонид ва баъди бозпас додани таҷҳизоти вижаи Русия, ки дар "Мистрал" насб шудаанд, киштиҳои чархболнишинро соҳибӣ карда метавонад.

"Дар Маскав масоили марбут ба "Мистрал"-ҳоро ҳалшуда меҳисобанд, ҳамин тавр ин мушкил танзим шуда, мавзӯъ баста шуд",- гуфт Песков ба хабарнигорон.

Қарордоди харидории ду киштии чархболнишини навъи "Мистрал" миёни ширкати фаронсавии DCNS/STX ва Рособоронэкспорт дар соли 2011 имзо шуда буд.

Фаронса муваззаф шуда буд, ки киштии нахустини "Владивосток"-ро дар моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад, вале ин амр сурат нагирифт. Ҳамакнун Федератсияи Русия аз Фаронса интизори судури ин киштиҳо ва ё бозпардохти қиммати онҳоро интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0