Ллойд Остин III бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе вохӯрд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷенероли амрикоӣ Ллойд Остин III
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷенероли амрикоӣ Ллойд Остин III - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мулоқот ҳамчунин доир ба вазъи сиёсиву амниятии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳои доғи мисли Ховари Миёна сӯҳбат шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Ситоди марказии ИМА генерал Ллойд Остин III баргузор шуд, менависад сомонаи райисҷумҳур.

Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи аршади неруҳои марказии ИМА ба Душанбе меояд

Дар ин нишаст масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар масоили амнияту бехатарӣ  баррасӣ шуд. Аснои нишаст Раҳмон ба зарурати таҳкими сулҳу субот дар минтақа таъкид карда гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар ин ришта  бо вазъи Афғонистон иртиботи қавӣ дорад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҷаноби  Остин ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд додааст. Нирӯҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии НАТО охири соли 2014 Афғонистонро тарк карда масъулияти таъмини амният дар ин кишварро ба дӯши нирӯҳои миллии ин кишвар вогузор карданд.

Генерали амрикоӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар ростои таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.

Дар ин мулоқот  ҳамчунин доир ба вазъи сиёсиву амниятии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳои доғи мисли Ховари Миёна сӯҳбат шудааст.

Лентаи хабарҳо
0