Озодӣ: дар вилоёти Афғонистон “Командоси исломӣ” пайдо шудаанд

© AP / Rahmat GulНизомиёни Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон аз ҳузури гурӯҳи ҷадиди террористӣ дар кишвар нигаронанд. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар вилоёти шимолӣ ва ҷанубии Афғонистон алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ меҷанганд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбарияти чанд вилоёти Афғонистон изҳор доштанд, ки дар қаламрави таҳти масъулияти онҳо гурӯҳи ҷадиди террористии "Командоси исломӣ" пайдо шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Гурӯҳе, ки худро "Командоси исломӣ" меномад, ахиран дар вилояти Ғазнӣ фаъол шудааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ феълан бо нерӯҳои амниятӣ дар Афғонистони шимолӣ меҷанганд", — иқтибос овардааст радио аз суханони муъовини волии вилоят Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ.

Ҷангиёни Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
125 нафар низомиёни Афғонистон ба суфуфи Толибон пайвастанд

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, бархе аз аъзои ин гурӯҳ дар навоҳии марзии Зобул, Урузгон ва Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ва дар манотиқи шимолии Бадахшон, Фарёб ва Қундуз меҷанганд.

Мақомоти вилоят аз мушорикати ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ҷадид ба гаравгонии сиву як нафар мусофири автобуси байнишаҳрӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар доданд.

Муовини волӣ ба Озодӣ хабар дод, ки ҷангҷӯёни "Командоси исломӣ" дар гузашта бо толибон ҳамкорӣ мекарданд, вале ҳамакнун алайҳи онҳо меҷанганд.

Дар ҳамин ҳол раиси новҳияи Зобул Ато Ҳақбаён ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи "Командоси исломӣ" дар бархе аз манотиқи худро таъйид кард. Ба иттилоъи ниҳодҳои амниятӣ теъдоди ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ҷадид ба 1000 нафар мерасад, хабар медиҳад радио.

Лентаи хабарҳо
0