125 нафар низомиёни Афғонистон ба суфуфи Толибон пайвастанд

© AP / Amir SharҶангиёни "Толибон". Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онҳо баъд аз се рӯзи даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии амниятӣ ва ҷангҷӯёни “Толибон” барои таҳти назорат қарор додани водии Тиргарон ба суфуфи душман пайвастанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. 125 нафар маъмурони амниятии Афғонистон ба суфуфи ҷунбиши "Толибон" пайвастанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Синхуа.

Қатъи муқобала ва пайвастани онҳо ба суфуфи ҷангҷӯён баъд аз се рӯзи даргириҳо миёни нерӯҳои амниятии давлатӣ ва ҷангҷӯёни "Толибон" барои назорат бар водии Тиргарон сурат гирифтааст, хабар дод раиси вилояти Бадахшон Давлат Муҳаммад Ховар.

Ҳамчунин аз кушта шудани 20 нафар ҷангҷӯй ва 10 нафар маъмури амниятӣ хабар дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол намояндаи толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид ғасби водиро таъйид кард ва иддаъо дорад, ки ҷангҷӯён пойгоҳи низомӣ дар ин минтақаро тасарруф кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0