Ҳудуди 500 хонандаи як “вагон-мактаб” соҳиби мактаби замонавӣ шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевМактаббачаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Мактаббачаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раванди аз “вагон-мактаб” берун овардани хонандагон аз солҳо қабл шуруъ шуда буд. Дар гузашта ҳатто вазири вақти маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошта буд, ки ҳич “вагон-мактаб” боқӣ намондааст.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, ҳудуди 500 хонандаи ҷамоати деҳоти "Ифтихор"-и ин ноҳияро, ки дар вагонҳо таҳсил мекарданд, ба мактаби хушсохти замонавӣ мегузаронад, навиштааст Радиои Озодӣ.

Синфхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мактаби №31 дубора дарашро ба рӯи хонандагон боз мекунад

Тӯйчибой Маҳмадёров, мудири маориф ва илми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 25 август ба Озодӣ гуфтааст, ки онҳо бо харҷи қариб як миллион сомонӣ мактаби нав сохтаанд ва хонандагон аз "вагон-мактаб" ба он ҷо хоҳанд кӯчид. Маҳмадёров афзудааст, дар ин "вагон-мактаб", ки аз Шӯравӣ боқӣ монда буд, даҳҳо сокини ҷамоати "Ифтихор" таҳсил кардаанд, аммо солҳои ахир, ки вагонҳо фарсуда шуданд, таҳсил барои хонандагон ва ҷараёни дарсҳо барои омӯзгорон тоқатфарсо будааст.

Сайфулло Лутфуллоев, як масъули Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон низ ба радио гуфтааст, тамоми "мактаб-вагон"-ҳое, ки аз он хонандагон бароварда шудаанд, аз ин баъд ҳамчун китобхона ё анбор истифода хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон раванди аз вагонҳо берун овардани макотиб аз солҳо қабл шуруъ гардида буд. Дар гузашта вазири вақти маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов гуфта буд, дар кишвар ҳеч мактаб дар дохили вагонҳо боқӣ намондааст.

Лентаи хабарҳо
0