Ба дари қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе муҳр заданд

© SputnikРамзи ҲНИТ дар бинои асосии он дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Рамзи ҲНИТ дар бинои асосии он дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба дари қароргоҳи асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе муҳр зада, фаъолият дар дафтари мазкурро муваққатан мамнӯъ эълон кардаанд, менависад сомонаи ин ҳизби сиёсӣ.

Насби таҷҳизоти нав дар матбааи рӯзномаи Московский комсомолетс - Sputnik Тоҷикистон
Дари чопхонаи “Муаттар”-и ҳизби наҳзатро мӯҳр гузоштанд

"Шоми 24-уми август намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Суди олии иқтисодӣ ба дари қароргоҳи ҲНИТ воқеъ дар кӯчаи Борбад 1, дар шаҳри Душанбе муҳр задаанд.  Барои бастани дари дафтари корӣ қарори Суди олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ содир шудааст".

Ба навиштаи сомона, Прокуратураи генералӣ гуфтааст, ки муҳр задан ба дари қароргоҳ ба баҳси ҳалнашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат" мутааллиқ буд, марбут мебошад. Гуфта мешавад, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.

Маврид ба ёдоварист, чанде қабл як гурӯҳ аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт", Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ дар асоси мактуби вазорати фарҳанг дар чопхонаи "Муаттар", ки ҳафтаномаи "Наҷот" дар он нашр мешуд, санҷиш гузаронда, ба дари матбааи ҳизб мӯҳр заданд.

Лентаи хабарҳо
0