ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 24 то 30 август дар пойтахти Қазоқистон — Остона — баргузор мешавад, иштирок мекунад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба ҳайати мунтахаби кишвар 9 гуштигир дохиланд: Хушқадам Хусравов, Умед Абдураҳимов, Кароматулло Ҳакимов, Шӯҳратҷони Фархизода, Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов.
Давоми 7 рӯз ширкаткунандагони мусобиқот барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.
Имрӯз варзишгарони вазнашон сабуктарин — 48 кг миёни занон ва 60 кг байни мардон вориди рақобат мешаванд. 25 август бошад занон дар вазни 52 кг ва мардон дар вазни 66 кг, 26 август занон дар вазни 57 кг ва мардон дар вазни 73 кг, 27 август занон дар вазни 63 кг ва мардон дар вазни 81 кг, 28 август занон дар ду вазн — 70 ва 78 кг, мардон дар вазни 90 кг, 29 август занон дар вазни беш аз 78 кг ва мардон дар вазни 100 кг ва беш аз 100 кг рақобат мекунанд.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд. Барои медали тилло 900 имтиёз дода мешавад, ки ин аз "нархи" ғолиби олимпӣ ҳамагӣ 100 имтиёз камтар аст. Барои медали нуқра 540 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 360 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷавоизи сабқати инфиродӣ 300 ҳазор доллар ва сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.