ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. "Кафгири тилоӣ" баландтарин ҷоизаи ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Оши палав" ба Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа супурда шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.
Номинатсияи "Ошпази беҳтарин"-ро шаҳри Хуҷанд ба худ ихтисос дод. Дар бахши "Дастони моҳир" — Алишер Файзиев ва дар бахши "Ороиши дастархони беҳтарин" Отабек Бобоқулов (ноҳияи Шоҳмансур) ғолиб эълон шуданд.
"Дар бахши "Сурудҳои ҳаҷвӣ" шаҳри Роғун, дар бахши "Ҳаҷвнигорӣ" ноҳияи Файзобод ва дар бахши "Рақси ошпаз" шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуданд",- меафзояд манбаъ.
Даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палав" дар Душанбе баргузор шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, баъди анҷоми даври аввали ин фестивал-озмун 32 ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Ба гуфти масъулини Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад.