Ошпази тоҷик деги “сеҳрнок” ихтироъ кард

© Sputnik / Дмитрий Коробейников / Гузариш ба медиабонкПалав. Акс аз бойгонӣ
Палав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ошпази тоҷик деги барқие ихтироъ кард, ки барои таҳияи палов ба оташ ниёз надорад. Ин ихтироъи худро ошпаз дар марҳилаи ниҳоии озмуни “Оши палав” дар Душанбе муаррифӣ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 02 фев — Sputnik. Ошпаз Латиф Азизов чанд моҳ қабл зарферо ихтироъ кард, ки аз он ба унвони деги "сеҳрнок" ном мебаранд, хабар доданд расонаҳои маҳаллӣ.  

Ба гуфтаи Азизов фикри таҳияи чунин дег се сол қабл ба сари ӯ расидааст ва он замон вай дар озмуни ошпазон дар Маскав ширкат мекарду дастандаркорон барои таҳияи палав ба далели амнияти зиддисӯхторӣ иҷоза надоданд, ки аз оташдон истифода кунад.

"Он замон фикр кардам, ки чаро деге ихтироъ намешавад, ки бидуни оташдон палав таҳия карда шаваду ҳамзамон куллияи назокати палав ҳифз шаванд. Ман тамоми намудҳои омода кардани палав аз сӯйи кадбонуҳои тоҷикро дар манозил ва ошхонаҳо баррасӣ кардам. Мардум чӣ навҳаҳоеро истифода накардаанд", — мегӯяд ошпаз ва афзуд, ки палаверо ҳатто чашидааст, ки рӯйи тахта (сковородка), мурғобипазаку дегҳои алюминии дорои фарши ҳамвор таҳия шудаанд.

Таҳияи палав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд озмуни беҳтарин палав ва дастархон баргузор шуд

Вале ҳамаи онҳо зимни таҳияи палав аз нерӯи барқ ва ё газ истифода кардаанд. Ошпаз тасмим гирифт, ки ашёи худ — дегии барқии индуктсиониро таҳия созад.

"Маро зарур буд, ки нақшаи ғалтаки индуктсионии мувофиқ ба фарши дегро таҳия кунаму мушахассоти таҷҳизоти барқии ашёи ҷадидро, ки барои ҳифзи шиддати гармӣ барои таҳияи палав зарур аст, эҷод кунам", — тавзеъ медиҳад ошпаз.

Дар ин амр ба ихтироъкор коршиносони хориҷӣ кӯмак курда навҳаи фаъол шудани ин таҷҳизотро таҳия кардаанд.

Дар соли 2014 дегҳои барқии индуктсионӣ зери унвони TJ LIK DEG бо ҳаҷми 25 ва 50 литр тавлид карда шуданд. Дегҳои "сеҳрнок" алаккай дар бархе аз ошхонаҳо истифода мешаванд.

Азимов ширкаткунандаи озмуни "Оши палав" аст, ки марҳилаи ниҳоии он 22 август дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин озмун вай ба куллияи алоқамандон чашидани палаверо пешниҳод мекунад, ки дар деги индуктсионӣ таҳия шудааст.

Лентаи хабарҳо
0