ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Чин ба маблағи 1 млн доллар ба осебдидагони офати табиии вилояти Бадахшон кумак кард, хабар медиҳад АМИТ Ховар.
Корвони мошинҳои омили кумакҳои башардӯстонаи Чин ағбаи Қулмаро убур карда, ба маркази ноҳияи Мурғоб расиданд.
Бино ба иттилои муовини раиси вилояти Бадахшон Исрор Исроров, ин корвон аз 60 мошини пуриқтидори боркаш иборат буда, маводи сохтмонӣ, васоити муҳими техникӣ, аз ҷумла як экскаватор, як булдозер ва ду механизми борбардор, ҳамчунин ҳазор тонна семент, арматуру ноқилҳои сохтмонӣ, трансфарматор ва дастгоҳҳои барқии дизелиро барои маҳаллаҳои зарардидаи вилояти Бадахшон дар бар мегирад.
Қабл аз ин Қирғизистон ба сокинони деҳаи Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, ки бар асари селоб аз хонаҳои истиқоматиашон маҳрум шуданд, маводи сохтмонӣ ирсол карда буд. Кумакҳои башардӯстонаи Бишкек аз 260 дона кӯрпа, 15 тонна семент, тахта, 1102 метр тунука иборат буданд.
Сафорати Амрико дар Душанбе низ дар навбати худ ба маблағи 60 ҳазор доллар ба зарардидагони офати табиӣ дар Бадахшону Рашт ёрӣ расонд. Кумаки сафорати Амрико ҳомили маводди аввалияи зарурие буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон онро матраҳ кардааст.
Дар пайи гармии камсобиқаи даҳаи охири моҳи июл оби рудхонаҳои кишвар боло рафт ва дар натиҷаи фаромадани селу ярч дар Бадахшону Рашт 6 нафар кушта ва даҳҳо манзили зист хароб гардид.