ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Қиматшавии маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои содиркунандаи он ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар семоҳаи чоруми соли 2014 мешавад, мегӯянд масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ.
Моҳи октябри соли 2014 дар фурӯшгоҳҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа нархи сӯзишворӣ бетағйир монда, раванди коҳиш ёфтани арзиши он дар шаҳри Душанбе ба қайд расид, омадааст дар гузориши моҳонаи ВИҶТ, ки бо дастгирии БР СММ таҳти унвони "Назорат ва ҳушдор дар Тоҷикистон барои моҳи ноябри соли 2014" чоп гардид.
"Мутобиқи таҳлил ва маълумоти расида, Вазорати рушди иқтисод болоравии нархи сӯзишвориро дар биржаҳои Русия, Қазоқистон ва Туркманистон тахмин мекунад ва ин албатта боиси зиёд гардидани арзиши бензин дар семоҳаи чоруми соли равон дар Тоҷикистон хоҳад шуд",-омадааст дар гузориш.
Русия дар ҳоли ҳозир таъминкунандаи аслии сӯзишворӣ барои Тоҷикистон маҳсуб мегардад, зеро 80 % воридоти маводи номбурдаро ба дӯш дорад. Тибқи иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-октябри соли 2014 ба ҷумҳурӣ 387,5 ҳазор тонна (бо маблағи 389,3 миллион доллар) маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 66 % бештар аст.
Бар пояи ҳамин гузориш, арзиши миёнаи сӯзишворӣ дар Душанбе дар моҳи октябр 6,20 сомонӣ ($1=5.09 сомонӣ) барои 1 литрро ташкил дода, дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа низ ин нарх мушоҳида гардид. Дар Хуҷанд бошад, нархи миёнаи бензин то 6 сомонӣ буд.
Яке аз сабабҳои боло рафтани арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон зиёд гардидани нархи он дар охири соли равон дар Русия аст.
11 ноябри соли 2014 Думаи Давлатии Русия дар бораи боло бурдани нархи бензин қарори марбута қабул кард. Вакилон лоиҳаи қонуни ба истилоҳ "манёври молиётӣ"-ро дар саноати нафтӣ тасвиб карданд, ки он болоравии арзиши сӯзишвориро дар назар дорад, менависад сомонаи "AN-online".
"Дар ҳукумати ФР эътироф месозанд, ки ислоҳоти воридшуда дар бахши истеҳсоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба нархи сӯзишворӣ дар соли 2015 таъсир карда, арзиши он то 10 дарсад ва аз он бештар боло хоҳад рафт "