ВАО: Бемористони "Намозӣ"-и Эрон ба тарбияи донишҷӯёни тоҷик омода аст

© Официальный сайт МИД РТМуовини вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимов бо мақомдорони Эрон. Теҳрон 17 августи 2015
Муовини вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимов бо мақомдорони Эрон. Теҳрон 17 августи 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои эронӣ аз қавли Ҳусайнӣ гуфтаанд, бемористони Намозӣ инчунин барои роҳандозии маркази пайванд, тарбияти донишҷӯ ва омӯзиши давраи такмили тахассус бо Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Миёни Тоҷикистон ва Эрон нақшаи чорабиниҳо дар бахши ҳамкории соҳаи тандурустӣ ба имзо расид, хабар медиҳад сомонаи вазорати умури хориҷӣ.

Дар Теҳрон 17 август бо мусоидат ва ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Эрон ин барнома имзо шудааст.

Теҳрон, пойтахти ҶИЭ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Эрон дар Душанбе Донишгоҳи тиббӣ таъсис медиҳад

Ин барномаро аз сӯи Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолӣ Насим Олимов ва аз ҷониби Эрон муовини вазир оид ба масъалаҳои байналмилалии вазорати беҳдошт, дармон ва улуми пизишкӣ Асадии Лорӣ имзо кардаанд.

Ҳамзамон, хабаргузории "Озодагон" менависад, Доктор Сайид Малик Ҳусайнӣ, ҷарроҳ ва узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, чоршанбеи 19 август дар дидор бо Насим Олимов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, "бахши пайванди донишгоҳи Шерози Эрон барои омӯзиши донишҷӯ ва интиқоли дониши пайванд ба кишвари Тоҷикистон омода аст".

Расонаҳои эронӣ аз қавли Ҳусайнӣ гуфтаанд, бемористони Намозӣ инчунин барои роҳандозии маркази пайванд, тарбияти донишҷӯ ва омӯзиши давраи такмили тахассус бо Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Ба гуфтаи узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, дар ҳоли ҳозир солона 600 пайванди ҷигар дар бахши пайванди донишгоҳ анҷом шудааст, ки дар дуён беназир аст. Ӯ афзуда, дар ин бахш мутахассисон аз кишварҳои Ироқу Судон дар ҳоли омӯзишанд.

Ба иттилои манбаъ, Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ барои ҳамкорӣ бо донишгоҳи мазкур дар ин замина изҳори омодагӣ кардааст. Расонаҳои эронӣ аз имзои тафоҳумномае дар заминаи ҳамкорӣ хабар додаанд.

Лентаи хабарҳо
0