ВАО: Эрон дар Душанбе Донишгоҳи тиббӣ таъсис медиҳад

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкТеҳрон, пойтахти ҶИЭ. Акс аз бойгонӣ
Теҳрон, пойтахти ҶИЭ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид гуфтааст, кишвараш солҳост мунтазири фароҳам шудани имкони таҳсили ҷавонони тоҷик дар риштаи тиб дар Эрон аст.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Эрон мехоҳад дар Тоҷикистон бахши Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии худро боз кунад, бо такя бо расонаҳои эронӣ навиштааст хабаргузории Озодагон.

Алиасғар Пайвандӣ, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии он кишвар дар мулоқот бо Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ин масъаларо ба миён гузоштааст. Ба гуфтаи Пайвандӣ, таъсиси бахши ин донишгоҳ таҳти раҳбарии ӯ метавонад заминаро барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар риштаҳои пизишкӣ дар Эрон фароҳам кунад. Ин дар ҳолест, ки ӯ мегӯяд, солона Эрон барои довталабони тоҷик 250 бурсия ҷудо мекунад, вале ҳеч кадоми онҳо дар риштаи пизишкӣ нест.

Расонаҳои эронӣ навиштаанд, Нуриддин Саид аз ин пешниҳод истиқбол карда, гуфтааст, мунтазири ироаи он ба таври расмӣ мебошад. Ин манобеъ афзудаанд, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ваъда додааст, дар сурати ироа шудани ин пешниҳод ба таври расмӣ иҷрои марҳилаҳои қонунии онро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод.

Ба қавли Нуриддин Саид, гӯиё пизишкӣ ва улуми тандурустии Эрон дар Тоҷикистон мақоми вижа дошта, онҳо солҳо боз мунтазири фароҳам шудани имкони таҳсили ҷавонони тоҷик дар риштаи тиб дар Эрон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0