ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2014 шаш ҳазор нафар мубталоиёни машрубот ва ҳафт ҳазор муътодон сабти ном шудаанд, менависад хабаргузории "Ховар" бо истинод ба Маркази ҷумҳуриявии муътодон.
Тибқи иттилоъи ВКД Тоҷикистон дар соли 2014 дар кишвар 97 мавриди қатл, ки 8 маврид аз онҳо аз сӯйи афроди маст рух додаанд ва мавориди зиёди захмӣ шудани одамон аз сӯйи ин афрод сабт шудааст.
Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ, ки муттаҳамони онҳо ронандаҳои сархуш буданд 10 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар маҷмӯъ, дар инмуддат 38 мавриди садамаҳо ва нӯҳ ҳазор нақзи қавоиди роҳ аз сӯйи ронандаҳои сархуш рух додаанд. Дар соли 2014 миқдори маводди мухаддири забтшуда шаш тонна шудааст, зикр карданд дар ВКД.
Ба гуфтаи муъовини сардухтури Маркази муътодон Рустам Шарипов, истифода аз машрубот, тамоку ва маводди мухаддир ба бемориҳои нейропатия, сактаи қалб, бемориҳои ҷигар ва ғайра мунҷар мешавад. Ҳамчунин вай зикр кард, ки истифода аз машрубот ва мухаддирот ба таваллуди фарзандони носолим сабаб мешавад.
Қаблан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки феълан дар кишвар ҳудуди 13 ҳазор кӯдакон зери 18 сола дар тарбияи давлат қарор доранд. Бештаре аз онҳо модарзод маълуланд, ки аз никоҳи хешутаборӣ ва волидайни муътод таваллуд шудаанд.