БМТ мутахассисонро ба кор даъват мекунад. Тариқи озмун

© Sputnik / Амир ИсаевНишасти матбуотии Бонки миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Нишасти матбуотии Бонки миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълумоти муфассал дар бораи вазифаҳои холӣ дар рӯзҳои наздик дар расонаҳои чопӣ ва сайти расмии ин ниҳоди молӣ ба нашр мешавад.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар департаментҳои назорати бонкӣ, аудити дохилӣ,   мониторинги молиявӣ ва департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ озмун эълон кард, менависад сомонаи расмии ин ниҳоди молиявии кишвар.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовинони раисони БМТ ва Амонатбонк маълум шуданд

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин департаменти технологияи иттилоотӣ, идораи ҳисобдорӣ, шӯъбаи амалиёт дар бозори озод, идораи муносибатҳои байналмилалӣ, қисми хизматрасонии хазинавӣ, шӯъбаи ҳуқуқ, бахши харид низ ба мутахассисони варзида ниёз доранд.

Манбаъ меафзояд, барои ширкат дар озмун мутахассисони соҳаи бонкдорӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, инчунин хатмкардагони мактабҳои олӣ бо ихтисосҳои "Молия ва қарз", "Муносибатҳои байналхалқӣ", "Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" "Технологияи иттилоотӣ", "Барномасозӣ", ки забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд даъват карда мешаванд.

Тафсилоти муфассал дар бораи вазифаҳои холӣ дар рӯзҳои наздик дар расонаҳои чопӣ ва сайти  расмии ин ниҳоди молӣ ба нашр мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0