ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Теъдоди филмҳои туркие, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума мешуданд, ба маротиб коҳиш ёфта, ҳоло танҳо ду филми туркӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд, менависад сомонаи TojNews.
Масъули яке аз студияҳои Душанбе, ки ба дубляжи филмҳо аз забони туркӣ машғул аст, ба шарти ифшо нашудани номаш ба сомона гуфтааст, се омил боиси қатъи тарҷумаи филмҳо шуд: якум, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиккино" нархи аз қайди давлатӣ гузаштани филмҳои тарҷумашударо аз 60-сомонӣ ба 600 сомонӣ гарон кардааст; дуюм, "Тоҷиккино" сади роҳҳи студияҳои пиратӣ шуда натавонист, онҳо филмҳоро нусха карда арзон ба савдо гузоштанд; сеюм, шабакаҳои телевизионии форсизабону русӣ ин филмҳоро аллакай тарҷума кардаанд, ки тамошобини тоҷик ба воситаи телевизионҳои маҳвораӣ онҳоро тамошо кардааст.
"Теъдоди студияҳое, ки ба тарҷумаи филмҳо машғуланд, хеле зиёд шуд. Барои таҳқиқу баррасии филмҳое, ки аз ҷониби онҳо пешниҳод мешавад, нерӯ ва вақт сарф мешавад. "Тоҷиккино" идораи худмаблағгузор аст, барои таъмини маоши онҳое, ки ба баррасии филмҳо машғуланд, студияҳо барои аз қайд гузарондани филм бояд 600 сомонӣ супоранд", — гуфтааст Маҳмадкарим Соҳибов, раиси КВД "Тоҷиккино".
Студияҳои Душанбе танҳо барои тарҷумаи ду филми туркӣ — "Водии гургон" ва "Ҳикмати зиндагӣ" ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод кардаанд, ки ин филмҳоро аз Туркия харидаанд. Барои боқӣ филмҳо чунин санад мавҷуд нест.
Мавҷи воридшавии сериалҳои туркӣ ба бозори синамои Тоҷикистон аз соли 2009 шурӯъ шуд. Чандин филмҳо бо тарҷумаи забони тоҷикӣ ба бозор роҳ ёфт. Моҳи майи соли 2012 идораи "Тоҷиккино" фурӯши панҷ филми туркиро бо далели он, ки дорои саҳнаҳои зӯровариву даҳшатафканӣ мебошанд, манъ кард. Аммо дар охири соли 2012 тарҷумаи ин филмҳо дубора аз сар гирифта шуд. То имрӯз филмҳои туркии "Водии гургон", "Ҳомиён", "Муҳаббат", "Хаёлҳои сабз", "Садбарги сиёҳ", "Пайроҳаи тақдир", "Садоқат", "Ишқи ятимон", "Ҳикмати зиндагӣ", "Марди разил" бо тарҷумаи забони тоҷикӣ ба бозор бароварда шудаанд.