ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Саидраҳмон Хидиров, мудири корхонаи "Сомонтаъминот", ки ду сол пайи ҳам соҳибкори беҳтарини сол эътироф ва бо медали "Хидмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст, барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ беш аз 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд, менависад сомонаи ВКД.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Хидиров аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли равон 83 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз карда, ин қоидавайронкуниҳоро дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" сабт намудаанд.
"Ӯ дар маҷмӯъ, 14 ҳазору 210 сомонӣ ҷарима шуда ва ин маблағро тавассути шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ба буҷаи давлат гузарондааст", — омадааст дар сомона.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, Хидиров соҳиби як мошини тамғаи "Toyota Land Cruiser" буда, баъд аз пардохти ҷаримаҳояш боз чаҳор бори дигар қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст, ки то ҳол маблағи ҷаримаи онҳо аз сӯи соҳибкор пардохт нашудааст.
Саидраҳмон Хидиров, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сомонтаъминот" моҳи ноябри соли 2014 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали "Хидмати шоиста" қадрдонӣ шуда, солҳои 2013 ва 2014 аз рӯи номинатсияи "Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук" бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе соҳибкори беҳтарини сол эълон шудааст.