ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Русия намоиши филме дар бораи мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик таҳия шудааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Филми коргардон Даря Полторатская "Фирор аз Маскавобод" дар ҷашнвораҳои "Ҷаҳони мусалмонӣ" дар Қазон ва "Шарқу Ғарб" дар Оренбург намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин масъулони ширкати "Всемирние русские студии" қасд доранд дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ин филмро дар Варшава, Таллин ва Онфлере ба намоиш бигзоранд.
Дар ин филм Маша Ласточкина, нозири Идораи федероли муҳоҷират, ба гурӯҳи маъмурон барои ошкор сохтани муҳоҷирони ғайримуҷоз дар пойтахти Русия раҳбарӣ мекунад. Ба бахши вай Ҳасан ном тоҷикеро эъзом мекунад, ки тахаллусаш "Санитар" мебошад.
Ҳасан бо дарёфти иттилоъ дар бораи маҳалли буду боши муҳоҷирон бо ин бахш ҳамкорӣ мекунад. Аз як сӯ ин амр хиёнат нисбати ҳамватанони худ унвон мешавад, вале дар асл Ҳасан ҳамватанони худро наҷот медиҳад: дар дурӣ аз ватан онҳо симои инсонии худро аз даст медиҳанд. Зимни гуфтугӯҳо бо онҳо Маша дарк мекунад, ки худаш низ аз муҳоҷирони ғайримуҷоз ҳеҷ фарқе надорад.
Нақши Ҳасанро дар ин филм ҳунарманди ӯзбек Ҷавоҳир Зокиров бозидааст.
"Вай аз хонадони обрӯманд аст ва пайвандонаш овозхонҳову ҳунармандон мебошанд. Вай фориғултаҳсили донишкадаи филмсозӣ мебошад. Ҳифзи муколама бо забони тоҷикӣ барои мо сангин буд. Ин забонҳои ба ҳам монанд нестанд ва ҳарчанд вай қавл медоду талошҳо мекард, вале забони тоҷикиро натавонист биомӯзад. Дар чунин лаҳзашо водор шудем, ки садои ӯро дигарон сабт кунанд", — гуфт Полторатская.
Зимни арзёбии ин филм коргардон зикр кард, ки ин фоҷиъаи иҷтимоӣ дар бораи худи мост. Тамошои ин филм имкон медиҳад, ки мо ба худ аз каноре назорат бикунем.